7613510
 
 
بلغات أخرى
   
Тоҷикӣ الطاجيكية
   
Насиҳати ман барои ҳар шиъа
 
Забон: Тоҷикӣ
أبو بكر جابر الجزائري:Таълиф
Гузориши мухтасар: Муаллиф мегуяд: Ман дар ҳақиқат перомуни шиъаёни аҳли байт чизе намедонистам магар ин, ки онҳо гуруҳе аз мусалмононад, ки дар муҳаббати аҳли байти Пайғамбари Худо ғулув (аз ҳад гузаронидан) ва зиёдаравӣ мекунанд ва онҳоро нусрат медиҳан, ва низ аҳли суннат ва ҷамоатро дар баъзе масалаҳои ҷузъии шариат бо таъвилҳои дур ё наздик мухолифат мекунанд. Аз ин ру вақте, ки баъзе аз бародарон онҳоро фосиқ ва ё гоҳе аз доираи Ислом берун ҳукм мекарданд, банда аз ин кор хеле хашмгин ва нороҳат мешудам. Аммо ин кор дер давом накард, ки яке аз бародарон ба ман тавсия кард, ки ман яке аз китобҳои муътабари ин ҷамоатро мутолиъа кунам то ин, ки ҳукми дурустро дар бораи ин мазҳаб ба даст орам. Ва ман китоби "Ал-Кофи"- ро ихтиёр кардам зеро, ки ин китоб такягоҳи ин тоифа дар исботи мазҳабаш мебошад. Ман ин китобро мутолиъа кардам ва аз он ба як чанд ҳақоиқи илмие дастраси пайдо кардам, ки манро ба узр хостан аз он нафаре, ки шафқати маро ба ин тоифа хато меҳисобид, водор сохт ва дигар худамро аз он дидгоҳе ки қаблан нисбати ин мазҳаб доштам, маъзур донистам.
Майлу хоҳишам маро аз он мудорое ки ба умеди аз байн бурдани баъзе аз тундравиҳое, ки байни аҳли суннат ва ин тоифа ба ислом нисбат дода шуда буд, боздошт.
Инак ман он ҳақоиқеро, ки аз муҳимтарин ва маътабартарин китобҳои ин мазҳаб ба даст овардаам, мавриди баҳс қарор медиҳам. Аммо аз ҳар шиъа мехоҳам, ки дар атрофи ин ҳақиқатҳои илми бо ихлос ва инсоф андеша карда, худ ҳукми саҳиҳро дар бораи ин мазҳабаш бибарорад.
Маводи ҳамроҳи ин саҳифа : 1
Пайванди расидан ба матлуб : http://www.islamhouse.com/p/208449
 


          Bookmark and Share      



Насиҳати ман барои ҳар шиъа
 
الاسم:  
نص التعليق: 
      
 



الأكثر مشاهدة


 
اشتراك
انسحاب